Дар вилояти Хатлон ба даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» 40 нафар роҳхат гирифтанд

 

Ozmuni-Furugi-subhi-donoi


      Дар вилояти Хатлон аз 24 то 26 ноябр даври сеюми вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷамъбаст гардид. 400 нафар ғолиби даври дуюми озмун ҳунари худро дар даври вилоятӣ нишон доданд, ки танҳо 40 нафари онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

              Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини Вазири маориф Латофат Назирӣ, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва дигар масъулин ба маҳорати иштирокчиёни озмун баҳо доданд. Ба даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҳайати ҳакамон аз рӯйи чор номинатсия инҳоро ғолиб сазовор донистанд:

        Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик: ҷойи аввал-Сафармоҳи Аҳмадбек, ҷойи дуюм-Султон Каримов ва ҷойи сеюм-Банда Талбакова сазовор дониста шуданд.

          Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик: ҷойи аввал– Маҳсумаи Маҳмурод, ҷойи дуюм – Ширини Мирбадал ва ҷойи сеюм – Фарзона Темурова сазовор дониста шуданд.

        Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик: ҷойи аввал– Нурбону Ятимова, ҷойи дуюм – Ҳумайнӣ Кароматзода ва ҷойи сеюм – Мадина Ҷабборова сазовор дониста шуданд.

             Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон: ҷойи аввал — Майсуна Муминова, ноҳияи Данғара;ҷойи дуюм — Робия Қодирова, ҷойи сеюм — Файзулло Қадамов сазовор дониста шуданд.

          Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардидааст. 20 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» марҳилаи ҷамъбастии озмун барои ғолибон баргузор мегардад. Ба иштирокчии фаъол, ки шартҳоро аз рӯйи талаботи Низомномаи озмун пурра иҷро мекунад, Шоҳҷоиза ба маблағи 50000 сомонӣ тақдим мегардад.

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо