Хисороти офати табиии дар н.Хуросон рухдода, беш аз 1.3 млн сомонӣ муайян шудааст

 


ofatitabii Khuroson

Тавре, ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад маблағи умумии хисороти  офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 1,3 млн сомониро ташкил дода, корҳои бартарафсозии паёмадҳои он идома доранд. 

Ёдовар мешавем, ки саннаи 21 марти соли 2020 бо сабаби бориши шадиди борон дар Ҷамоати ба номи Садриддин Айнӣ, деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори Ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон як қатор заминҳои кишт ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро сел пахш намуд. Аз ҷумла ба заминҳои кишт ва боғу дарахтон асосан лойоба осеб расонидааст.

Гуфта мешавад, то 2 апрел хизматчиёни низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таҳхонаи 40 хонаи истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва қариб 1000 метр ҷӯйу заҳбурҳоро аз лою об ва паёмадҳои дигари сел тоза намуданд ва корҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳанӯз идома доранд.

Комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда хисороти офати табииро дар ноҳияи Хуросон муайян намуда, осеб дидани ду хонаи истиқоматӣ, 6,3 километр роҳи мошингарди деҳот, 7,3 километр хатҳои обёрӣ ва канал, 7,3 километр хатти заҳбуру обрав ва 186 иншооти ёрирасонро арзёбӣ карданд.

Санаи 24 март 50 нафар афсарону сарбозони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 400 нафар волонтёрони ҷавон, зиёда аз 30 нафар миробҳо ва мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба маъракаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар маҳалли зикршуда пайвастанд.

Бартарафсозии осеби офати табиӣ зери таваҷҷуҳи Раиси вилоят буда, бо дастури ӯ мошинҳои калони боркаш, эксковаторҳо ва ғайра дар макони зарардида сафарбар гардиданд.


Садо

Навор

Ҳама наворҳо