Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон мулоқот карданд

 

Mukhriddin-va-Maas-Olmon-28-01-2020-1156

Санаи 27 январи соли 2020 дар шаҳри Берлин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири федеролии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ҳайко Маас баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва таълимии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро муҳокима намуда, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо як созишномаи байниҳукуматиро дар бораи ба кор қабул кардани аъзои оилаи намояндагони дипломатӣ ва консулӣ ба имзо расониданд.

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо