“Тоҷикстандарт” ба бозор ворид шудани 5 тонна маҳсулоти қаннодии пастсифатро пешгирӣ намуд

 

1306419337729

Тибқи иттилои Амит “ Ховар” Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) воридоти 5 тонна маҳсулоти қаннодии “Aitan”-ро ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешгирӣ намуд.

Дар доираи сертификатсияи маҳсулот, лабораторияи ташхиси озуқавории Дастгоҳи марказии Агентии “Тоҷикстандарт“намунаҳои маҳсулоти қаннодӣ - ириси Aitan», ки аз ҷониби як соҳибкори инфиродӣ ворид карда шудааст, пешниҳод гардид.

Тибқи иттилои манбаъ як намунаи ирисро мувофиқи қоидаҳои ташхис ва истифодаи усулҳои муқарраршуда дар лабораторияи ташхиси маҳсулоти озуқавории Агентии Тоҷикстандарт санҷиданд. Ҳангоми азназаргузаронии физикӣ ва химиявӣ маълум шуд, ки намунаҳои қаннодӣ тибқи ГОСТ 6478-89 «Ирис ба шартҳои техникии умумӣ, мутобиқ нест”.

Бо дарназардошти ин, ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуда, барои муайян намудани ҳолати минбаъдаи миқдори умумии маҳсулоти қаннодии воридгардида, ки 5000 кг-ро ташкил медиҳад, ҷиҳати тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун баровардани маҳсулоти мазкур ба Хадамоти гумрук дархост пешниҳод гардид.

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо