Тоҷикистон маҳсулоти худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир мекунад

 

Prodekspo

Тибқи иттилои Амит Ховар, маҳсулоти Тоҷикистон таҳти бренди " MADE IN TAJIKISTAN " ба бозори ҷаҳонӣ ворид мешавад ва содироти он меафзояд. Бори аввал дар таърихи саноати хӯроквории кишвар содироти маҳсулоти консервии «Пиёз Анзур» ва «Ғуроб» ба ИМА, хушкмеваи «Тут» ба Туркия, шарбати «Хуч» ва шарбати «Зардолу» ба Литва, оби маъдании «Ҳаватаг», “Оби Зулол” ва “Сиёма” » ба Озарбойҷону Аморати Мутаҳидаи Араб шаҳодати ин гуфтаҳост.

Тибқи иттилои Вазорати саноати кишвар, имрӯз дар соҳаи саноати хӯрокворӣ беш аз 480 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии хӯрокворӣ машғуланд, ки дар онҳо беш аз даҳ ҳазор коргарон ва мутахассисон кор мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми истеҳсоли корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар соли 2019 беш аз 5 миллиарду 373 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 наздик ба 110% ё бештар аз 450 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо истифодаи хатҳои муосири истеҳсолӣ имкон медиҳанд, ки иқтидори истеҳсолии соҳа бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, консерваҳои меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонпазӣ, намаки саноатӣ, нӯшокиҳо ва ғайра пурра таъмин намояд ва ҳамзамон қисми он ба хориҷа содир карда мешавад.

Бо афзоиши истеҳсолоти саноатии маҳсулоти хӯрокворӣ дар баробари таъмин намудани бозори истеъмолии кишвар, содироти он доимо афзоиш ёфта, дар соли 2019 маблағи 121,9 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,6 баробар ва ё беш аз 74 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо