Баррасии ҳамкориҳои тиҷории Тоҷикистону Туркманистон

11-30-12-2019-1116

28 декабри соли 2019 дар Ашқобод Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Вазири савдо ва равобити иқтисодии хориҷии Туркманистон Оразмират Гурбанназаров мулоқот кард.

Ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро ба таври мусбат арзёбӣ намуда, масъалаҳои густариши робитаҳои тиҷоратӣ, густариши ҳамкориҳои сармоявӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои технология, нассоҷӣ ва кишоварзиро бо назардошти имконоти мавҷуда баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба ифтитоҳи Маркази тиҷорати Тоҷикистон дар Ашқобод ва Палатаи савдои Туркманистон дар Душанбе мубодилаи афкор намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо