Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратии назди Хадамоти гумрук баргузор гардид

 

29112019 0_1


Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 ноябр доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти Шӯро ва Хадамоти гумрук дар соли 2019, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Шӯро, Азим Турсунзода муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт : Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамот бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии он  ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат, ташкил намудани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Азим Турсунзода доир ба дастовардҳое, ки мақомоти гумрук дар самти соддагардонии расмиёти савдо дар соли 2019 ба онҳо ноил гардид, маълумот дод. Инчунин зикр кард, ки Хадамоти гумрук бо мақсади мунтазам зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба мамлакат пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Ҳамчунин сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти мазкур Ёрмаҳмад Ёров дар ҷаласа иштирок доштанд.Ёрмаҳмад Ёров дар мавзӯи «Фаъолияти мақомоти гумрук дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ» хисобот доданд. Баъдан Абдуҷалол Исломов ва Абуалӣ Турабеков коршиносони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон» баромад ва наворӣ видеоиро оид ба истифодаи Портали мазкур манзури иштирокдорон намуданд.

Дар ҷаласа ҳамзамон намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг , Ассотсиатсияҳои «АВВАТ», брокерон, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону», Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, ва Барномаи JIZ вобаста ба ин мавзӯъ ибрози андеша намуданд.

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо