ФАРЗАНДИ БАД —ДОҒИ ПАДАР

 _3

   

 

 
















   Тифлро аз кӯдакӣ омуз адаб.

                                      В -аз камоли тарбият одам шавад.

       Ҳар як инсон дар зиндагӣ вазифадор аст, ки фарзандони худро дар оянда номбардору сарбаланд ба воя расида, обруву ифтихори волидони хеш гардад. Аз бадон канораҷӯйӣ намояду бо бузургону сохибхирадон дустӣ. Ба амалҳои бад даст назанаду мулоҳизакорона рафтор намояд. Албатта, ҳамаи волидон ҳамеша мекушанд, ки фарзандони онҳо поктинату боиффат ба воя расанд. Мутаассифона фарзандоне ёфт мешаванд, ки на ҳамеша обрую ифтихори волидон мегарданд. Ин гуна фарзандон бо вуҷуди ҳама гуна тарбияи баланд, муҳити солим ва волидони бузургашон бад ба воя мерасанд ва боиси афсурдагии волидони хеш мегарданд. Бехабар аз он, ки рӯзе ин амалҳои зишташон пеши роҳи онҳоро мегирад. Ҳар як амали зиштро барвақт ҳангоми пайдо гаштан аз худ дур кардан лозим аст. Пеш аз ҳама аз бадон худро бояд канора гирифт, набояд бо онҳо нишастухез кард, то бад набуд, зеро:

                                    Бо бадон манишин, ки сухбати бад,

                                   Гарчй покй, туро палид кунад.

Бисёр мебояд аз гуфтаҳои бузургони хирад мутолиа кард, омӯхт, зеро ақли солим ҳамеша аз ин гуна панду андарзҳо рӯҳи тоза мегирад, ба ҳаёти солим равона месозад, соҳибобру мегардонад. Фарзанде, ки дар руҳияи озодандешиву поктинатӣ тарбия ёфтааст, бевосита сазовори хислатхои хубу ҳаёти осоишта мегардад ва обрую эътибори муҳиту волидони хеш мешавад, зеро ӯ аллакай ба тақдиру камолот ва ба сарбаландии хеш сазовор гардида, такдирсози хеш гаштааст. Аммо фарзандони бад акси ҳолатҳои дар боло зикршударо аз сар гузаронида, боиси задани обруву эътибори худ дар назди наздикону ҷомеа мегарданд. Онҳо на танҳо обрую эътибори хеш, балки муҳити иҳотакардаашонро паст мегардонанд. Бевосита дар чунин маврид, пеш аз ҳама эътибори падару модар, низ паст мегардад. Албатта, волидон на бо чунин умед фарзанд парвардаанд, ки онҳоро доғдор гардонанд.

           Ҳар як амали бади фарзанд ба назари падару модар чун доғи бузургу ғализ мерасад. Лекин фарзандони бад чун ангушти шашум, ки ба буданашон эхтиёҷ нест, вале ба буриданаш дард меорад, монанданд. Оре, фарзандони бад мисли мори бад танҳо заҳр меоранд. Мисли каждуми нешрасон танҳо маломат ва заҳр меоранду бас. Аммо онҳо ҷисми зиндаанд. Бояд зиндагӣ кунанд ва то рӯзи марг, ки қазо тақдирашон бинмуда, ҳастӣ намоянд. Пас онҳо чӣ тавр зиндагӣ мекунанд? — саволе ба миён меояд. Онҳо тавре, ки дар боло гуфтем аз бемаърифатию нодонӣ ва нодорию ранҷурӣ даст ба ҳама гуна амалҳои зишт, аз қабили дуздию роҳзанӣ, мардумфиребию авбошӣ на монанди инҳо зада, худ низ дар ана ҳамин роҳҳои зишт ҷон ба қазо месупоранд, ки ҳатто барои наздикон рӯзҳои дафнашон низ ору номус меорад.

 

                                   Фарзанди хуб — боги падар.

                                  Фарзанди бад — доги падар.

 

       Фарзандони хуб ҳамеша мисли дарахтони пурбор танҳо ва танҳо ҳосили хубу фаровон ва гулҳои умеду орзу меоранд. Обрую ифтихори волидон мегарданд, аммо фарзандони бад ҳамеша доғи волидону доғи ҷомеаанд, халалгари муҳити солиму зиндагии хушу рӯзгори осоишта ва маломатшунав.

                                   Бодо, ки хама оқилу доно монанд,

                                    Пайванди баду неки чахонро донанд.

                                    Фарзанд чу пайванди дилу чони кас аст,

                                   Бодо, ки хама умр ба имон монанд.







Садо