Мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст

 muzh-sadist


Марди 29-солаи сокини деҳаи Устокорони ноҳияи Шаҳритус Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. 

Рӯзи 9-уми сентябр, тахминан соатҳои 17:30, номбурда дар заминҳои хоҷагии деҳқони худаш, воқеъ дар деҳаи Қарашувоқи ноҳияи мазкур аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш зани 29-сола, ҷангу ҷанҷол намудааст, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
           Бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбати номбурда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳритус парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Садо