Набераи 2 солаамро дуздиданд ва бар ивазаш пул талаб карданд

 

56444ed09e39d885bee1c5b4deb4f84f

Аризаи марди 49-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст ба ШВКД дар шаҳри мазкур , ки санаи 7-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 09:30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ набераи хурдсолаш, духтарчаи 2-соларо аз назди хонаи истиқоматиашон рабудаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони одамрабоӣ дастгир карда шуд.

Бо мақсади талаб намудани маблағи пулӣ ва додани ҷазои рӯҳию маънавӣ ба волидайни хурдсол ӯро рабудааст ва ба хонаи хоҳараш, зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бурда, то соати 16:10 нигоҳ доштааст.

Садо