Пияндар сабаби марги писари 4 солааш шуд

 


BN-UJ838 genser_SOC_20170723105630-768x432

Марди 35-солаи сокини деҳаи Сучинаи шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломати писарбачаи 4-сола дастгир карда шудаст.

Санаи 28-уми майи соли 2019 бо зани 30-солаи сокини деҳаи мазкур тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷоя нисбати фарзанди ҳамсараш, писарбачаи 4-сола мунтазам муносибати бераҳмона намуда, доимо ӯро лату кӯб мекардааст.

Санаи 6-уми сентябр марди 35-сола дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 8-уми сентябри соли равон ба ҳалокат расидааст.

Бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, тафтишот идома дорад.

Садо