Харҷи бузурге, ки бо Қонуни ҶТ «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим нашудааст ва ҳамоно миёншикан боқӣ мондааст.

 

   nevesta.lk

 

   

Харҷи ороиши як рӯзаи aрус !

 

     Ҳар як духтар дар рӯзи аввали хонадоршавияш орзӯи “Шоҳдухтар” шуданро дорад ва кушиш мекунад, ки аз ҳама либоси беҳтарин ва ороиши зебо дошта бошад, чунки шахс дар ҳаёти худ як бор шояд шохиди чунин хушбахти мегардад. Дар ин рӯз садҳо чашми дӯстону “ҳасудон” ба тарафи ӯ равона асту зебогии ӯро ба кавле баҳогузорӣ мекунанд.
    Духтарон кӯшиш мекунанд, ки дар зебогӣ ва оро додани худ аз дигарон ақиб намонанд, аммо харҷӣ худро аҳамият намедиҳанду барои як рӯз маблағҳои ҳангуфтеро масраф менамоянд. Дар ин рӯз духтарон чун анъана бояд либос, рангу бори рӯй ва нохуни худро ба тартиб дароранд.

   Харҷро барои мисол овардан мо ҳисобу китоб намудем ва ба ҳайрат омадем, ки дар як рӯз ин қадар пулро сарф намудан аз руйи беаҳмиятист? ё барои як рӯз чавонондухтарони мо омодаастанд ин қадар маблағро сарф намоянд?

Барои ба кошонаи ҳусн рафтани арус маблағи зиёде лозим аст. Чун дар боло қайд кардем барои мисол мо ҳисобу китоб кардем ва мехомем донем, ки шумо чавондухтарони азиз омода ҳастед ин қадар маблағро сарф намоед?

-         Барои паст намудани муйи сар ва оро додани он 50-100 сомонӣ;

-         Ороиши нохунҳои дасту пой 100-200сомонӣ;

-         Мижгон мондан 250 сомонӣ;

-         Тоза кардани руй ва ба тартиб даровардани қош 150-200 сомонӣ;

-         Барои ороиши руй нархи аз ҳама баланд 1200 сомонӣ то 700 сомонӣ;

-         Либоси арусӣ, ки иҷораи аз 10 000 сомонӣ то 1000 сомонӣ;

 

   Ин ва дигар маблағҳое, ки дар назар кучак метобад, аммо чуноне мебинем дар маҷмуъ маблағеро ташкил мекунад, ки як оилаи ҷавони навхонадор метавонад бо он як мушкилии калони оиларо ҳал намояд, масраф мешавад.

Ҷавондухтар барои як рӯза зебогии худ инқадар маблағро монанде, ки ба ҳаво мепошад...

 

Оё ҳар як арус имконияти пардохти чунин маблағи бузургро дорад?

 



                                                          

Рауфова Нигора

                                                                                                                                                                                                                      “Андеша”

 

 


 

Садо