Мақоми зан дар ҷомеа аз нигоҳи ислом

 

-

Дар ҷаҳони муосир рушди илму техника ва технологияи муосир ба дараҷаи баланди тарақиёт расида бошад ҳам, вале паҳлуҳои ҳаёти маънавӣ ва риояи ҳуқуқҳои инсонӣ, бахусус ҳуқуқи зан аз нигоҳи имрӯза қаноатманд нест, агарчи қисми зиёди аҳолии ҷаҳонро занҳо ташкил медиҳанд. Занон дар соҳаи азбарнамоии илму техника, касбу ҳунари замонавӣ ҳамқадам буда, саҳми онҳо на танҳо такрористеҳсолнамоии насли инсонӣ, тарбия ва ба камол расонидани фарзанд, инчунин дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ саҳми арзанда доранд.

Ин аст, ки дар ҳама давру замон афкори иҷтимою сиёсӣ ва динию дунявӣ ба масъалаи нақши зан дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ... “мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар тадбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем”.

Эътимоди ҷаноби олӣ ба ин қишри ҷомеа гувоҳ аз он аст, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории онҳо дар пешрафту инкишофи ҷомеа аз мардҳо кам нест. Суханони ҷаноби Олӣ пеш аз ҳама ишора ба он гурӯҳ шахсонест, ки тангбину хурофотпарастанд ва ба созандагор будани занҳо боварӣ надоранд ва бо чашми таҳқир ба ин гурӯҳи ҷомеа назар менамоянд, равона гардидааст.

Масъалаи мазкур махсусан дар дини мубини ислом мавриди шарҳи муфассал қарор гирифтааст. Аммо бо сабаби пастии фарҳанги динию дунявии баъзе ашхоси мансабдору муллоҳои хосагӣ мақеи зан дар ҷомеа ба хурофот табдил ёфта, ба дини поки ислом доғ ва ба амнияти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло он ки дар сарчашмаҳои таълимотии дини ислом ба масъалаи баробарҳуқуқии марду зан ихтилоф нест. Барои тақвияти ба дастурҳои илмию ахлоқии ислом Қуръон ва сунна ва ҳалли баъзе масъалаҳо дар оилаву ҷомеа рӯ меоварем, то ки ба баъзе ихтилофҳо рушноӣ андохта аз фармудаҳои Расули акрам истифода бубарем.

Ҳамагон медонем, ки муҳимтарин ва бузургтарин рисолати зан инсонро ба дунё овардану тарбияи фарзанд ва нигоҳ доштани оилаи солим мебошад. Дини ислом ба қудрати офарандаи занон аҳамияти ҷиддӣ дода, фаъолияти рӯзмараи занонро дар ҳолате раво медонад, ки ба иҷрои нақш ва вазифаи аввалиндараҷааш, яъне оила ва тарбияи фарзанд монеъ нагардад. Ин нукта дар афкори иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккири бузурги олами ислом М.Ғазолӣ низ мавқеи хосаи худро пайдо намудааст.

“... ободонии ҷаҳон ва насли одамӣ аз зан аст”.

Дар ҳақиқат ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат аз тандурустии зан–модар сарчашма мегирад.  

Аз ин хотир агар зан тамоми шароитро дошта бошаду ниёзи воқеӣ ба кори душвори ҷамъиятӣ надошта бошад, барои ӯ беҳтар аст, ки вақти худро дар тарбияи фарзандонаш гузаронад. Зеро тарбияи фарзанд яке аз фазилатҳои неки зан буда, дигар кас чун модар наметавонад фарзандонро бо муҳаббату самимият ба воя расонад. Ба қавли бузургон “Домони модар мактабест, ки агар дуруст омода шавад, як миллати асилро тарбия ва омода мекунад”.

Таҳқиқи масъалаи фаъолияти иҷтимоию сиёсии занон дар сарчашмаҳо ва осори олами исломӣ нишон медиҳад, ки ин мавзӯъ агарчи дар назар хеле содда намояд ҳам вале бисёр муҳим ва рузмара мебошад.

Бинобар ин барои тасдиқи ин фикр рӯ овардан ба Қуръон имкон медиҳад, ки баъзе муаммоҳо бартараф карда шаванд.

Аввалин ва муҳимтарин далеле, ки баъзе аз муҳаққиқон нисбати фаъолияти иҷтимоию сиёсии зан ба матни Қуръони карим такя менамоянд, ояти 34-уми сураи «Нисо» мебошад, ки Худованд дар он мефармояд:

Тарҷума: мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сарварӣ доранд. Пас, занони шоиста фармонбардору нигоҳдорандаанд молу мулк ва обрӯи шавҳарро (дар набудани он) ба нигоҳдошти Худо…

Ибораи аввали ин оят «мардон бар занон тасаллут доранд», дар тамоми давраҳо ҳамчун далели ҳокимияти мардон бар занон ва ҳамчун далели асосии имкон надоштани ҳокимияти сиёсии занон истифода мешавад. Вале имрӯз ба мо муяссар гардидаст, ки маънои воқеии баъзе аз калимаҳои ин оятро аз дигар сарчашмаҳо ҷустуҷу намоем. Масалан Абдулазиз ибни Барроҷ дар китобаш «Ал- муҳазиб» маънои ибораи «Ар-риҷолу қавомуна ала-н-нисои»-ро чунин тавсир намудааст: «Мардон вазифадоранд, то ҳуқуқҳоеро, ки занон ҳамчун ҳамсар бар гардани онҳо доранд, иҷро намоянд». Аз ин ояти Қуръон бар меояд, ки ислом асосан ҳимоякунандаи ҳуқуқи зан буда, ҳокимият ва сарпарастиро мардон танҳо дар оила ба душ доранд ва ин ба таври мутлақ ба ҷомеа марбут нест.

Гурӯҳи ашхоси мутаасибе ҳастанд, ки нуфузи занонро дар пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа нодида мегиранд. Аммо ҳастанд далелҳое дар Қуръон ки нуфузи занонро ҳатто дар зинаҳои роҳбарӣ мусбӣ арзёбӣ менамояд.

Муҳимтарини ишораи қуръонӣ дар ин масъала таърихи подшоҳии маликаи Сабо Билқис аст. Билқис занест, ки дар мулки Сабо ҳукумат дошта бо хираду заковати худ боиси оромиш ва наҷоти он ҷомеа гаштааст. Низоми давлатдории Билқис, ки аз адлу инсоф манша мегирад дар Қуръон васф гардидааст ва ин бори дигар аз шукуҳу шаҳомати занон дар пешрафту инкишофи ҷомеа гувоҳи медиҳад.

Қуръон аз тарзи ҳукумронии ӯ бо назари мусбат хабар дода, шакли давлатдории ӯро ки бештар бо мардум машварат дошт, таъкид менамояд.

     Барои рушду нуму ва пешрафту инкишофи ҷомеаи башарӣ масъулияти баробар доштани мардону занонро низ дар Қуръон ишора шудааст.

Дар сураи «Тавба» ояти 71-и Қуръони карим таъкид менамояд, ки занони мусулмон баробари мардони мусулмон масъули ҷомеаи худ дониста шудаанд. Табиист, ки бидуни доштани ҳаққи интихоб намудан ва ҳаққи интихоб шудан, занон наметавонанд ин масъулиятеро, ки Худованд ба души онҳо вогузор намудааст, ба дурустӣ анҷом диҳанд.

Яке аз машҳуртарин мисолҳои ҳуқуқи амалии занони мусулмон дар барои иштирок дар шӯроҳо ва машваратҳо ва изҳори назар дар ҳузури роҳбари давлат намудан, ҳодисаест, ки дар замони хилофати Умар(р) рух додааст. Мувофиқи ҳадисе, ки Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ривоят мекунад, рӯзе Умар(р) дар Масҷиди набавӣ дар масъалаи марҳияи занон чунин мегӯяд: «Эй мардум, дар маҳри занонатон зиёдравӣ накунед… Ҳар кӣ дар маҳри занон як уққия аз дувоздаҳ уққия зиёд мекунад, ҳамоно ман он маблағҳои зиёдатиро меситонам ва дар байтулмоли муслимин мениҳам». Вақте ки Умар (р) аз минбар мефарояд, яке аз занони дар сафи пеши масҷид нишаста, ба Ӯ бо садои эътироз мегӯяд: Эй амири мӯъминон шумо ҳақ надоред, ки марҳияи занонро маҳдуд созед, зеро ки Қуръони маҷид дар ин бора фармудааст: «Агар Шумо, эй мардҳо моли бисёр ба унвони маҳр ба ҳамсарони худ дода бошед (баъд аз талоқ) дигар ҳақ надоред, ки он маҳри худро аз ишон боз пас бигиред.

     Ҳамин тавр дар асоси мисолҳо аз Қуръону Суннат, далелҳои мантиқии овардашуда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки масъалаи иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ аз назари Ислом мушкилие надорад. Барои ин зан салоҳияти илмию сиёсии ин корро дошта, одоб ва рафтори исломиро риоя намояд.

 

Каримова Зарафшон

Муаллимаи калони ДДТТ

 

Садо