Бино ба иттилои Сорбони Саидҷалол, сардори Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намудҳои саноатӣ, дар ин давра 27 ариза аз ҷониби ихтироъкорон барои соҳиб гаштани патент қабул гардида, пас аз марҳилаи санҷишҳо бо қарори мусбат 11 нафар соҳиби патент барои ихтирооташон гардиданд.

Гуфта мешавад, ихтироотҳои мазкур дар соҳаҳои мухталиф буда, аз шумораи мазкур 1 ададаш патент ва 10 адади дигараш нахустпатент мебошанд.

И. АМАКҶОНОВ “ҶТ”