БАҲРИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС МУТТАҲИДӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ МЕБОЯД!

 

story.1584261604.600
   

Чӣ тавре, ки ҳамагони мо аз васоити ахбори омма дарак дорем, руз аз рӯз шумораи беморони COVID-19 дар Чумҳурии Ӯзбекистон зиёд гардида, бахусус мактаббачагон сироят ёфта истодаанд. Бемории мазкур дар ҳамсоякишвар паҳн гардида истодааст, ки дар се ноҳияи шаҳри Тошканд, таҳсил дар мактабҳои ин ноҳияҳо аз 16 марти соли ҷорӣ ба шакли онлайнӣ-фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ба муассисаҳои ғайридавлатӣ низ дастур дода шудааст, ки таҳсилро ба таври фосилавӣ ба роҳ монанд. Дар мактабҳои дигар ноҳияҳои шаҳр таҳсил бо риояи қатъии чораҳои санитарӣ дар марҳилаи аввал то 20 апрел идома хоҳад ёфт.

Ё ин, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 1 апрели соли 2021 баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни оммавӣ аз ҷумла ҷашну тӯйҳои арӯсиву домодиро дар ҳудуди ш. Тошканд манъ намояд. Ҳамчунин, тасмим гирифта шудааст, ки мусобиқаҳои варзишӣ низ то замони ба эътидол омадани вазъияти санитариву эпидемиологӣ дар ш. Тошканд бидуни мухлисону тамошобинон доир гарданд. Назорат дар самти истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пурзӯр гардида, минбаъд шаҳрвандони бениқоб ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Назорати талаботҳои карантинӣ низ дар пойтахт пурзур карда хоҳанд шуд. Дар байни хонандагони 77 мактаби се ноҳияи ш. Тошканд 150 нафар хонанда аз бемории COVID-19 сироят ёфтаанд.

            Ҷумҳурии Ӯзбекистон бастаи якуми ваксинаҳои AstraZeneca-ро дар чаҳорчӯбаи барномаи COVAX дарёфт намуд. Бастаҳои нахустин бо миқдори 660 ҳазор воя ва ба маблағи умумии 2 миллион доллари ИМА шоми 17 марти соли 2021 вориди ш.Тошканд гардиданд. Дар баробари ин дар назар аст, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи барномаи мазкур боз 2 миллион воя ваксинаи AstraZeneca ба таври ройгон оварда мешавад.

          Имрузҳо, мувофиқи омори расмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон бемории коронавирус пурра нест карда шудааст ва дар 3-4 чор моҳи охир ягон ҳолати гирифтор шудани шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани чораҳои қатъӣ тавассути бастани марзҳо, манъи парвозҳои байналмилалӣ ва карантин намудани мусофирони аз берун воридшаванда тавонист муддате пеши роҳи паҳншавии вирусро бигирад. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ҳеҷ роҳи самараноки пешгирии паҳншавии вирус, ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вуҷуд надорад.

Вирус ва бактерияҳои касалиовар дар кураи замин қабл аз пайдоиши инсон арзи ҳастӣ намуда, бидуни организмҳои дигар ҳаёт ба сар бурда наметавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки инсоният тӯли ҳастӣ борҳо ба пандемияи бемориҳои сирояткунанда мувоҷеҳ гардидааст. Аз ин рӯ, дар замони муосир инсоният сар задани пандемияро ҳамчун раванди ногузир қабул намуда, барои пешгирии он бояд ҳамеша омода бошад.

Набояд фаромӯш кард, ки дар натиҷаи нобасомониҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ вазъи эпидемиологӣ дар кишвар мураккаб гардида, як қатор бемориҳои сироятӣ, аз қабили вараҷа, домана, лейшманиоз, таби хунини Конго-Қримӣ ва ғайра авҷ гирифт. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои муассири мубориза бар зидди онҳо андешида шуданд ва вазъи эпидемиологӣ ба эътидол омад.

Манбаи асосии бемории СOVID-19 ва ҳомили ин беморӣ шахси бемор, ки ҳанӯз нишонаҳои клиникӣ дар он зоҳир наёфтааст, ба шумор меравад. Коронавирус бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, гардӣ-ҳавоӣ ва алоқавӣ (даст фишурдан, даст расонидан ба ашёҳои сироятнок ва ғайра) паҳн гардида, бештар роҳҳои нафасро сироят менамояд.

Истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ, поккории манзили зист ва гирду атрофи он, риояи фосилаи 1,5-2 метр ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе зарурат аз хона набаромадан, махсусан, шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бо даст салом накардан ва худдорӣ намудан аз оғӯш гирифтан тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошанд.

Мутахассисон ва коршиносони дунё ба ин назаранд, ки шарти муҳими пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19 роҳ надодан ба тарсу ваҳм аст. Ба ақидаи онҳо 85 фоизи мардум бе ягон мушкилӣ дар шароити хона, ҳатто нафаҳмида, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, онро паси сар мекунанд.

Ҳоло бошад мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд, ба ҳар гуна овозаю ҳангома дар робита ба бемории COVID-19 бовар накунанд. Зеро таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рӯҳию равонӣ дошта, масунияти организмро заиф мегардонад ва сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегардад.

Дар давраи барои кишвар хеле ҳассос бояд якҷо бошем, оромиию ваҳдати миллиро ҳифз намоем ва дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар душвортарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хиради азалии мардум бовар доштанд ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд, муттаҳид бошем. Фақат бо ҳамин роҳ ва кӯшишу заҳмати шабонарӯзии табибони ҳозиқ ворисони Абӯалӣ ибни Сино метавонем аз вабои аср наҷот ёбем.

Дар ин раванд табибон масъулияту уҳдадориҳои худро содиқонаву софдилона иҷро намуда, барои беҳбудию солим нигоҳ доштани ҷомеа пайваста кушишу талош ва хизматҳои сутудание мекунанд. Хизмати содиқонаи табибон ва қаҳрамонии онҳоро ҳар як фарди мамлакат арҷ мегузорад.

Мубориза бо пандемия мисли мубориза бо дигар хатарҳои глобалӣ азму кӯшишро талаб мекунад.

Сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат нисбат ба наздикон, пиронсолон, барҷомондагон ва ниёзмандон суннати деринаи мардуми мост. Маҳз муттаҳидӣ, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии якдигарӣ имконият фароҳам меорад то аҳолии кишвар ба ин беморӣ гирифтор нашавад.

Авҷи дубораи ин беморӣ, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон низ бе таъсир нахоҳад буд. Аз ин рӯ, тамоми ниҳодҳои дахлдорро лозим аст, ки чораҳои зарурии пешгирӣ аз ин бемориро андешида, назорати санитариву эпидемиологиро пурзӯр намуда, бо истифода аз ВАО, масоҷид, намояндагони рӯҳониён, фаъолони ҷамъиятӣ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва олимони Академияи миллии илмҳо дар байни мардум кор баранд.

Бояд дастаҷамъона, бо азми қавӣ, боварӣ ба ояндаи нек бо бемории сироятии нав мубориза барем!

 

Санифа Қосимзод

“Андеша”



 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо