ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

143524708 2000527683444443_7941236858111950196_o“Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем,” – иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо, бонувон аст, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар вохӯрию суханрониҳои хеш аз заҳмату талошҳои занон ва бовариашон ба ғайрату шуҷоати эшон ёд менамоянд. Ҳамин дастгириҳост, ки имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Боиси ифтихори мо, бонувон аст, ки Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро ҳамеша намунаи ибрат меоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон ба занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва нақши онҳо дар ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дастгириҳои занон аз ҷониби Сарвари давлат боис ба он шуд, ки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона намоянд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.
Дар партави дастгриҳои Пешвои муаззами миллат бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуданист.
Заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан – модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Натиҷаи ин талошҳо боис шуд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, имрӯзҳо рисолати роҳбариро низ бар дӯш дорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи занон доимо такя намуда, ба онҳо ҳамчун қувваи созанда ва боэътимоди ҷомеа назар мекунанд. Ин аст, ки дар сатҳи давлатию умумимиллӣ ва маҳаллӣ барномаю стратегияҳое қабул шудаанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи занон дар ҷомеа аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон низ зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар навбати худ мо, занон ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат ваъда медиҳем, ки аз ин бештар ба Ватани азиз, ба давлату Ҳукумати кишвар хизмат намуда, саҳми худро дар рушду шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб беш аз пеш мегузорем.
Аҳмадзода Зулфия Кабир,
ноиби Ректор оид ба идеология,
тарбия ва робита бо ҷомеа

Садо

Навор

Ҳама наворҳо