Муждаи некӣ дар оғози соли 2021. Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст

COVID-19-KOVID-19
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад шабонарӯзи охир яъне санаи 06.01.2021 ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси тоҷдор ё худ COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Бархе бар он изҳори назар карданд, ки соли мелодӣ фоли нек буда, дар соли ҷадид ҷаҳон ба ин вируси марговар ғалаба хоҳад кард ва инсоният аз чанголи он раҳошуда, мисли пештара ба ҳаёти осоишта бар хоҳад гашт. 

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то имрӯз, 6 январ дар кишвар 13305 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13111 нафар ё 98,5% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Ҳамзамон, 104 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.

"Андеша"


 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо