Пешгирӣ ва огоҳӣ аз сухтор

 

 

IMG-20200213-WA0002

Шоми 13 феврали соли ҷорӣ Сарраёсати ХДО (Хадамоти давлатии оташнишонӣ) бо роҳбарии подполковники хизмати дохила Сангов Давлат, дар якҷоягӣ бо Қисми мустақими ҳарбикунонидашудаи ХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳайати 3 шуъбача бо ҷалби 20 нафар кормандони соҳавӣ дар бинои баландошёнаи КВД Комплекси табъу нашри "Шарқи озод" - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи амалӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сухтор гузарониданд.
Тавре муовини сардори қисми мустақими ҳарбикунонидашудаи ХДО, капитани хизмати дохила Каримзода Даврон ба "Андеша" иттилоъ дод, бинои мазкур баландошёна буда, бояд маъмурияти муассиса ба пешгирӣ аз сухтор ва ҳолатҳои фавқуллода омода бошанд.
Пас аз анҷоми машқҳои амалӣ намояндагони ХДО бо ҳайати кормандон ва маъмурияти КВД Комплекси табъу нашри "Шарқи озод" -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои сухтор, истифодаи оқилонаи ноқилҳои барқӣ маслиҳатҳои муфид додаанд.
Капитани хизмати дохилаи ХДО Каримзода Даврон зимнан қайд намуданд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳоло ҳам ҳолатҳое мешаванд, ки нисбати пешгирӣ аз сухтор бетарафӣ мекунанд, ҳатто баъзан вақт мошинҳои сухторхомӯшкуниро дар ҳолати тамбашавӣ мемонанд ва мошинҳо гоҳҳо дертар ба ҷои сухтор мерасанд, ки боиси хисороти шаҳрвандон мегардад.
Мавсуф ба сокинони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, таъкид кард, ки нисбати пешгирӣ аз сухтор бетараф набуда, зуд ба 01 занг зада, то расидани кормандони сухторхомушкунӣ ёрии аввалияро ҷиҳати пешгирӣ аз сухтор анҷом диҳед!

Screenshot 20200214-172108_Gallery Screenshot 20200214-172153_Gallery

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо