«АНДЕША»-И ИҒВОАНГЕЗОН – БАДТАР АЗ КОРОНАВИРУС

 

088
Тайи чанд рӯзи охир атрофии бемории сироятии коронавирус дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ ба нашр мерасад. Бо дар назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Халқии Хитой имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои  зиёд нашр гардида истодаанд. Ба андешаи чанде аз истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ, ба хусус фейсбукчиён гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Яъне корҳои прафелактикӣ дар тамоми бунгоҳои тиббӣ гузаронида шудааст.

Сомонаҳои зархарид ва баъзе аз истифодабарандагони фейсбук хабарҳои бардурӯғро дар ин маврид нашр намуда, пайдоиши ин бемориро ба касею ба чизе рабт медиҳанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ин вирус чораҳо андешидаанд. Вале аз чи бошад, ки баъзе тиҳимағзони сомонаи фейсбук мушкилоти сомонаҳои интернетию пайдоиши ин вирусро ба хонаводаи ин ё он шахс, ба вижа Эмомалӣ Раҳмон нисбат медиҳанд. Маълум мешавад, ки матлаби навиштаи ин гуна нафарон на пешгири кардани шаҳрвандон аз бемории коронавирус аст, балки бо ин гуна навиштаҳо иғво ангехтану дар мағзҳо ҷой кардани андешаҳои бад мебошад.

Бояд ба ин масъала аз даричаи хирад нигарист ва мақсади «навиштаҳои «фаъолон»-и фейсбук»-ро дуруст пайхас намуд. Тавре медонем, сохторҳои дахлдор, аз қабили вазоратҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, масъулони хатсайрҳои ҳавопаймои ҷумҳурӣ аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварданд, ки худро эҳтиёт намуда, ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат бовар накунанд. Бояд дар хотир дошт, ки агар коронавирус бемории марговар бошад, «андешаҳо»-и иғвоангезонаи баъзе аз фейсбукчиён аз он бадтар аст.

Мирзошариф Абдусаломов

“Андеша”

Садо

Навор

Ҳама наворҳо