Таърихи НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ

  _1

Ҳар як ид ва ҷашнҳои давлатӣ,миллӣ ва динӣ таърихи худро дорад ва аз ҳаводиси азим ва хурсандӣ шаҳодат медиҳад.

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.

Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст».

Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин ки Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, то дар онҳо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро наврӯз номиданд.

 

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро Рӯзи нав хонданд.

 

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абӯрайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, натанҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар рисолаи «Наврӯзнома» -и Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Маҳз маҳсули меҳнати деҳқон аст, ки мардум ба хотири ҷамъ ва осоишта умр ба сар мебаранд.

 

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гаҳ зар гоҳе бӯстон аст.

Наврӯз маҳз иди миллии тоҷикон аст, аммо баъзе ҷавонони бехабар иди миллиро ба ислом нисбат дода, изҳор менамоянд, ки Наврӯз аз ислом нест. Нафароне ки чунин мешуморанд, магар аз Абӯрайҳони Берунӣ, Хайём, Ҳофизи бузургвор донотаранд? Баръакс онҳо беҳтарин анъанаи мардуми моро нодида мегиранд.

Бо байналмилалӣ шудани Иди Наврӯз тамоми халқҳои олам – турку тотору озариву паштуву ҳинду – ин иди бузургро, ки ному ниҳод ва аслу насаби тахту бахташ форсӣ– тоҷикӣ мебошад, ҷашн мегиранд. Ислом ҳаргиз тафриқаандозӣ, гурӯҳбандиро қабул намешуморад. Баръакс беҳтарин арзишҳои умумимиллӣ, умумибашарӣ ҷавҳари исломро ташкил мекунад.

Бояд хотиррасон намоем, ки Иди Наврӯз ва дини ислом ду чизи аз ҳамдигар ҷудо буда, омехта кардани онҳо ба ҳамдигар ноҷоиз мебошад ва метавонад боиси сар задани нофаҳмиҳо гардад.

Ҷашни иди Наврӯз инъикоскунандаи соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро ифода карда дар арсаи олам муаррифӣ мекунад,ки зиёда аз се ҳазор сол халқи тоҷик соҳиби давлат буданд,мулку мамлакати ободу зебо доштанд,ки ҷашни Наврӯз тасдиқи он мебошад.

Ҷавонон бояд иди миллиро аз идҳои динӣ фарқ кунанд ва ноогоҳона бидуни илму мадрак суханҳои лофу газофро ба забон оварда болои таърихи куҳани худ хат накашанд.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намуданд: «То замони интишори ислом гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрӯз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рӯи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем.

Чунонки мушоҳида мегардад, баъзеҳо арзишҳои бузурги ахлоқиву маънавии миллиро, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги мардумӣ то имрӯз нақши муайянкунанда мебозанд, нодида гирифта, мехоҳанд онҳоро ба арзишҳои динӣ муқобил гузоранд.

Муаллифони чунин мавод набояд фаромӯш кунанд, ки баръакс Наврӯз яке аз ҷашнҳои воқеан ва табиатан милливу мардумии мост ва бо ягон дину мазҳаб муносибат надорад.

Чунин муносибати ғаразноку кӯтоҳназарона ба арзишҳои миллӣ, ки таърихан қадимтар буда, омили муҳими худшиносии афроди ҷомеа мебошанд, пояҳои фарҳанги давлатдории миллиро, бешубҳа, халалдор месозад.

Мо набояд аз ёд барорем, ки миллати мо кӣбуд ва тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ чӣ гуна арзишҳои умумибашариро асос гузоштааст. Зеро фаромӯш кардани таърихи пуршарафи халқ, дар ниҳояти кор, ба нестшавии рӯҳи миллат бурда мерасонад».

 

Сархатиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳомидов Абдуҷамол

Садо

Навор

Ҳама наворҳо