ТАЪРИХИ НАВРУЗ ВА РАСМУ ОЙИНҲОИ ТАРКИБИ ОН

 

ramzi2-navruz2021
Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёитабор хеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хучастапай ва фархундаи Навруз азизу арчманд нест. Навруз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин,
 арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони ориёитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттахид, таҳти фасли 49, ки унвони "Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, карорномаи "Рӯзи ҷахонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ карор ёфтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, кӣ хамасола дар тамоми ҷахон 21-уми март хамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.

Навруз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, хаводиси сиёсию ичтимоӣ ва маънавихои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст.

Аз таърихи ҷашни Наврӯз. Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолоту рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафхим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди   пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. 

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «...аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи  ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон баду иқтидо карданд»

Абулсаид Абулҳайи Гардезӣ дар китоби «Зайн-ул-ахбор» дар бораи Ҷамшед мегӯяд: «Ҷамшеди Вангахон (Анвчахон) чун бар тахт биншаст бо девон харб кард ва дасти эшонро аз Мардумон кутоҳ кард, эшонро зи ободихо барандохт ва андар дарёхову вайрониҳо шуданд ва эшонро корҳои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд кардан. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба руйи он нишаст ва ӯро андар ҳаво бибурд ва дуо кард то Худой азза ва ҷалл гармову сармо ва беморӣ ва марг аз мардумон баргирад. Худой азза ва ҷалл аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврӯз бисохт ва девонро фармуд то конхо кананд ва ҷавоҳирҳо берун оваранд, ба дарё фуру рафтанд ва гавҳарҳо бароварданд ва ин амал ба мардумон биёмухтанд, ҷомаҳо ранг фармуд кардан» .

Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳоянд, ки аксари онҳо то ба имрӯз роиҷанд. 1. Гулгардонӣ, 2. Ҷуфтбаророн, 3. Фолгирӣ, 4. Хонабуророн. 5. Чаҳхоршанбесурӣ, 6. Суманакпазӣ, 7. Хурокҳои наврузӣ, 8. Маросими обрезон, 9. Сайри наврӯзӣ, 10. Оштикунонӣ, 11. Бозихои варзишӣ, 12. Таронаҳои наврузӣ.

 

Бинобар иттилооти наврузшинос Р. Ахмад, дар дехаи Каратог ва дигар махалхои водии Х,исор тарзи пухтани суманак чунин ичро мешуд. Гандум хамин ки бо оби борон дар муддати 5-6 руз сабзида, барои ширагирй омода шуд, пиразане сабзаро бо корд бурида, аввал «Бисмилохи рахмони рахим» гуён онро ба хован меандозад. Сипас хонумхои чавонтари кавй онро куфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дегро шинонда, ба он об рехта, се бор «Бисмилохи рахмони рахим» гуён равган меандозад. Дар баъзе дехахо пеш аз шираро ба дег андохтан бо нияти шод гардонидани «арвохи пирхо» чалпак! мепухтанд ва нукча мегузоштанд. Нукчаро дар атрофи дег дар замин насб карда, фурузон мекарданд. Инчунин пиру пайгамбархоро ёдоварй намуда, аз онон кушоиши кор ва мадад  металабиданд. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандохтанд ва дегро бо кафлес мекофтанд. Бонувони дигар низ бо навбат дегро мекофтанд. Хангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месуруданд.

 

Ғайратшо Роҳатов – Устоди ДИТ

50911162386 de8a6d8f05_c

Садо

Навор

Ҳама наворҳо