Ҳунармандӣ дар Саразми бостон

 

2

Исбот гардидааст, ки инсон ороиши хешро баробари ба саҳнаи таърих қадам гузоштан сар кардааст. Одами бараҳнаи замони полеолитию мезолитӣ 40-10 ҳазор сол қабл аз замони мо он чизе, ки ба назараш зебо менамуд шаддаҳои марҷон сохта ба дасту гардан меовехт. Он ороишот аз гӯшмоҳичаҳои баҳрӣ, дандонаҳои хуку хирс, сангҳои хушнамуди кӯҳӣ ва дарёӣ, баъзе намудҳои меваҳои ёбоӣ иборат будаанд. Касе аз он дороӣ бештар дошт фахр ҳам мекард.
Чӣ гунае аз таърих маълум аст дар ҳазорсолаҳои VII-VI пеш аз милод ҷамъияти инсонӣ ба сохтани баъзе намудҳои шаъбаҳо, марҷонҳо, бозубандҳо сар карда буд. Тадриҷан дар ҳазорсолаҳои V-IV баробари афзудани талабот ба ашёи ҳунармандӣ, ҳунармандон ба татбиқи писандидаи ҷамъият табдил ёфтаанд. Абдуллоҷон Исҳоқов профессор ва бостоншиноси маъруф дар китоби “Саразм ва Панҷакенти Суғд – оғози тамаддуни халқи тоҷик” оид ба ҳунармандӣ дар Саразм ёдовар гардида, мегӯяд, ки саразмиён 15 намуд ҳунарҳои дастиро ба хубӣ азхуд карда буданд. Кулолгарӣ, маъдангудозӣ, меъморӣ, сангтарошӣ, чармпазӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, дӯхтани пойафзолу сару либос, палосу бурёбофӣ, рангтайёркунӣ, наққошӣ, заргарӣ аз ҷумлаи онҳо буданд.
Бояд қайд намуд, ки номгӯи ҳунарҳои мардуми Саразм бо ин тамом намешавад. Зимни ковишҳои бостоншиносӣ шояд ҳунарҳои дигари Саразм баррасӣ шавад. Бояд гуфт, ки ҳеҷ як ҳунар аз тарафи шахси алоҳида ба ҷо оварда намешуд. Дар офаридани ҳар як чиз аз 3 то 15 нафар одамон ва шояд аз он ҳам зиёдтар ҳисса мегузоштанд. Дар ресидану бофтан ва дӯхтани сару либос 3-5 нафар кифоя аст, ҳунари кулолгарӣ, сангтарошӣ, маъдангудозӣ, биносозӣ иштироки зиёди одамонро талаб мекард. Аз ҷониби муҳаққиқони бостоншинос исбот шудааст, ки ҳунармандони Саразм истеҳсоли ашёҳои заруриро тарзе ба роҳ мемонданд, ки аз як тараф талаби оила ва қабилаи худро таъмин кунанд, аз тарафи дигар моли зиёдатиро ба одамони касбу кори дигар бо маҳсулоти зарурӣ иваз кунанд. Ҳунармандӣ касби қадимист, онро яке аз омилҳои ҳалкунандаи иқтисодиёт ҳисобидан мумкин аст.
Бозёфтҳо гувоҳанд, ки масолеҳи асосии заргарони шаҳраки Саразм намудҳои гуногуни сангҳои хушнамуд: булур, ҷаз, ақиқ, лоҷувард, фирӯза, санги Сулаймон, йашма, фулузи мис, биринҷ, қурғошим, нуқра ва тилло буданд. Баъзан сипари гӯшмоҳӣ, устухони ҳайвонҳои хурду калонро низ истифода мебурданд. Сарчашмаҳои онҳо далеланд, ки ҳунармандон аз чунин ашё танқиcӣ намекашиданд, зеро қариб ҳамаи намудҳои онҳо то ҳол дар кӯҳҳои Зарафшон, Суғд, ҳисор маҳфузанд. Баробари ин робитаи тиҷоратӣ ва ивази мол байни қабилаҳо аз баҳри Арал то Бадахшон паҳн шуда буданд, идома дошт. Дар шаҳраки Саразм пайдо намудани лоҷуварди Бадахшон, ақиқу гӯшмоҳиҳои Ҳиндустону Балуҷистон ва соҳили уқёнуси Ҳинд, Эрон водор менамояд, ки бигӯем, ки ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои IV-III дар кишварҳои Шарқ робитаи байни ҳамдигарии одамон хеле инкишоф ёфта буд.
Аз ковишҳое, ки бостоншиносон дар Саразм анҷом додаанд муайян гардидааст, ки заргарони Саразм 33 намуди марҷону шаъбаҳо ва бозубандҳоро месохтаанд. Аз ақиқи сурхи ҷигарӣ 9 то, лоҷувардӣ 6 то, фирӯзагӣ 7 то намудҳои марҷонҳо дарёфт шуданд. Ин бар он аст, ки гарчанде заргарон дар зинаи аввали инкишофёбии ҳунар истода бошанд ҳам, бо дастгоҳҳои оддӣ асрори санъати коркарди сангҳоро дарёфта будаанд. Бозёфтҳои зарагарӣ, аксаран марҷону бозубандҳо мебошанд. Онҳо ҳамчун зебу зиннат дар тӯли садсолаҳо аз авлод ба авлод мерос монда истифода шудаанд.
Донистани сирру асрори ҳунару ҳунармандии аҷдодону ниёгон –худшиносии миллӣ мебошад. Дар замони мо заргарон аксарият корҳои худро бо дастгоҳҳои барқӣ ва чарху арраҳои механикӣ ба ҷо меоранд. Дар Саразм бошад заргарон онро дастӣ бо олотҳои оддитарин ба ҷо меоварданд. Боварии кас намеояд, сангро бо санг мебуриданд ва ҳатто шикоф мекарданд. Ашёи дигари заргарон маъданҳост. Дар Саразм қариб 100 дона марҷонҳои нуқрагин ва тиллогин дарёфт шуданд. Марҷонҳо гуногуншакл буда, аз ҳунари баланди заргарӣ дарак медиҳанд.
Хулоса, асрори санъати заргарони Саразм то ба ҳол ба мо пурра айён нест. Бояд иқрор шуд, ки сокинони водии Зарафшон тамоми нафосат ва нозукиҳои санъати заргариро пурра аз худ карда будаанд.
Ба таълимоти китобҳои муққадасӣ динӣ: Инҷил, Таврот, Қуръон, Забур аввалин одам ин ҳазрати Одам ва Момоҳаво мебошанд, ки онҳоро Худованд офарида аст. Барои рӯзгузаронӣ ба Одаму Ҳаво Худованд афрӯхтани оташ, гудохтани маъдан, кишоварзӣ ва чорводориро ёд медиҳад. Китобҳои муқаддаси номбурда, ин санаро 7 ҳазор сол нишон медиҳанд. Илми бостоншиносӣ ҳам зиёда аз 150 сол боз таърихи пайдоиши ҷамъияти инсониро 7 ҳазор сол медонад. Бояд гуфт, ки то ба асри мису биринҷ одамон се давраи калони асрҳои сангиро аз сар гузаронидаанд, ки онҳоро илм палеолит, мезолит ва неолит меномад. Ин давраҳо якҷоя таърихи як миллионсоларо дар бар мегиранд. Пас, санаи пайдоиши инсон кадом аст? Аз нигоҳи бостоншиносон шояд 7 ҳазор сол пеш аст. Ин замон давраи охирини асри санг - неолит (тарҷумааш - санги нав) мебошад. Дар замони неолит, ки қариб 10 ҳазор сол давом карда буд, фарзанди одам хонасозӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандиро азхуд кард. Одамони замони неолит аз пашму пeст сару либос, пойафзол дeхта метавонистанд. Сохтани намудҳои аввалини олотҳои сангӣ - корд, дос, омоҷ, дарафш, сӯзан ва кулолгарӣ аз ҳамин замон сар шуд ва инсон аз мутеи табиат озод гашт.
Аз ковишҳои археологии Саразм, ки оғози зиндагӣ дар ин ҷо ба охири замони энеолит рост меояд, миқдори зиёди олотҳои ресандагиву бофандагӣ ба монанди урчуқҳо, мокуҳо, пояи чархҳои ресандагӣ ва сангҳои гуногунвазни хоси бофандагӣ ёфт шуданд. Дар шаҳри қадимаи Саразм ягон пораи матоъ ёфт нагардидааст, шояд дар асл вуҷуд дошта бошад, ки тайи 5500-6000 сол пӯсида ба хок табдил гашта бошад. Бо ин вуҷуд бостоншиносон аз рӯи муайян намудаи олотҳои номбурда мегӯянд, ки сокинони Саразм лучу урён намегаштанд. Халқе, ки истеҳсоли тиллову нуқраро азхуд кардааст, қодир аст дигар намуди лавозимоти зиндагиро истеҳсол кунад. Акнун лаҳзаҳои кори ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагиро пеши назар меорем. Тахмин меравад, ки ин корҳоро асосан занону духтарон иҷро мекарданд. Албатта пашм ҳамоно баъди аз бузу гӯсфанд тарошидан якбора ресида намешавад. Онро мешустанд, мехушконданд, покиза мекарданд. Ин кори занони кордида буд. Дар ресидани риштаҳои пашмӣ қариб ҳамаи аъзоёни қобили меҳнатии оила иштирок мекарданд. Аз калобаҳои пашмӣ бофтани матову палосҳоро, албатта зану мардҳои соҳибкасб ба зимма мегирифтанд, зеро ин кор маҳорати баландро талаб мекунад. Корҳои рангкунӣ ва омода намудани дастгоҳҳои бофандагиро марду занҳои калонсол анҷом медоданд. Азбаски ягон намуди осори либоси саразмиҳо дарёфт нашудааст, оиди шакли онҳо чизе гуфта намешавад. Вале аз рӯи осори дастраси санъати Мисри қадим, Шумер ва Аккад, ки дар деворнигорҳову рӯи тобутҳо акс ёфтаанд, метавон гуфт, ки либоси одамони қадим ба табъи эстетикии онҳо хос буд. Пеш аз ҳама гуногунрангу кушоду васеъ буданд он сару либосҳо.


Таҳияи Мирзошариф Абдусаломов
"Андеша"

 

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо