Роғун ояндаи дурахшони мо!

e36b711e-0d99-484a-aec3-86aab6c0ecd3

Вақте кас вориди иншооти хизматрасонии неругоҳи барқию обии Роғун мегардад, худро дар як шаҳри калони воқеъ дар қалби кӯҳ тасаввур мекунад, зеро танҳо нақбҳои он 75 километрро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин тамоми иншооти асосии неругоҳ аз ҷумла толори чархҳо, ки баландиаш 69 метр, толори трансформаторҳо, толори дарвозаҳо, бинои 7 – ошёнаи идораи Неругоҳ ва ғайра дар зери замин қарор хоҳанд дошт. Иқтидори лоиҳавии Роғун бо 6 чарха 3600 мегават буда, сарбанди обанбораш бояд 335 метр бардошта шавад. Ҳаҷми умумии обанбор 13.3 кв3 – ро ва оби судбахшаш 10,3 кв3 – ро ташкил хоҳад дод. Чунин ҳаҷми об бояд давоми 15–17 сол ҷамъовари шавад. Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан НБО роғун метавонад ҳамасола 14,4 миллиард киловат/соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Шоистаи таъкиди махсус аст, ки “Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 январи соли 2010 ба мардуми Тоҷикистон” бо як ҷаҳон ихлосу муҳаббат ба халқи диёр ва эътиқоду эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурахшони ватан илова гардида, дар ҷону дили шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон бо қудрати бузургӣ маънавӣ, ки қобил буд, ки дили сангро ҳам бишкофад, оташи нангу номуси миллиро шуълавар намуд ва имруз роғунро ба корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоию фидокории умумихалқӣ мубаддал гардонид.
Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сохтмонӣ иншооти аср: Неругоҳи барқии обии “Роғун”
“Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмонӣ неругоҳи роғун монанди ҷавони қавипайкар ва ҷавони қариб бистсолаест, ки ба мисли Фарҳоди куҳкан, синаи кӯҳӣ хороӣ мешикофад, пеши дарёи шӯху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро чароғон мегардонад.”
“Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷиллои тоза хоҳад гирифт.”
“Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод”.
“Ҳоло майдони сохтмонӣ ин иншооти барои мамлакати тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмарди, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст”.

e26ee347-3ce2-4f2b-8ec1-8d01ff410b7c

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 майи соли 2002, 26 сентиябри соли 2005, 30 майи соли 2008, 28 октябри соли 2009, 28 августи соли 2010, 31 майи соли 2011, 10 июли соли 2012, 15 июли соли 2015, 4 августи соли 2016 ва 10 майи соли 2017 бо мақсади ошнои бо ҷараёни корҳои сохтмони ва суҳбат бо бинокорони НБО Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги аср ташриф овардаанд.
Рӯзи 29 октябр соли 2016, рӯзи равшаниву нур ва пойдевори асосии НБО Роғун барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10 субҳ то соати 11.30 расо якуним соат ба пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро дигар карда ба бунёди сарбанди неругоҳи барқии оби роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд. Навбати аввал неругоҳ, яъне агрегати якуми он 16 уми ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, неруи барқӣ истеҳсол шуда, ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад.
16 ноябри соли 2018 неругоҳи Роғун ба истеҳсоли қувваи барқ оғоз мекунад ва нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетики, қадамҳои ниҳои гузошта мешавад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба хусус наврасону ҷавононро лозим аст, ки ин ҳама заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намуда, бо аз бар намудани донишҳои замонавӣ ва хизмати содиқона ба халқу ватан пайравони асили Пешвои миллат бошанд.



Парвиз Азимов
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён

 

 

Садо