МАҚОМИ ОБ ДАР ФАРҲАНГИ ХАЛҚҲОИ ҶАҲОН

-- 

Аз оташу боду обу хокем ҳама,
Дар олами кавн дар ҳалокем ҳама.
То тан бо мост, дар мағокем ҳама,
Чун тан биравад, равони покем ҳама.                 
Об бузургтарин неъматтест, ки барои инсоният ато шудааст. Об ба хотири он нуфузе, ки дар оғозу таърихи офариниш, сохтори олам, тавлиди ҳаёт, нумӯи наботот, зиндагии ҳайвонот ва ҳаёти инсоният дорад, дар таърихи афкори маънавии одамон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифта омадааст. Чи дар тасввуроти мардуми оддӣ, дар бовар ва сохтори халқияту ақвоми олам ва чи дар адёни ҷаҳонӣ, ба монанди Зардуштия, Яҳудия, Масеҳия ва Ислом об ба сифати як мӯъҷизаи осмонӣ, офаридаи Эзид ва баёнгари қудрату эҷодии илоҳӣ, чун ашёи муқаддас, ҳаётбахш ва поксозии инсон мақоми бузургеро соҳиб гардидааст. Дар тасаввури мардумию осори фарҳангӣ ва дар тавзеҳи илмиву фалсафии об ҳам дар қарнҳои бостон ва ҳам дар асрҳои миёна таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба мавқеи маънавию ахлоқии он дар зиндагии одамон дода шудааст. Ҳарчанд шинохти дақиқи илмии об танҳо дар асрҳои охир муяссар шудааст, аммо ҳамон тасавуротҳои ибтидоиву асотирӣ ва тавзеҳу ташреҳи мазҳабӣ дар сурати рамзиву тамсилӣ ва куллӣ хеле аз хусусияти моддӣ ва табиати хоси обро фаро гирифтаанд ва худ низ дар ҷараёни дарку тавзеҳи ҳамин қазия ба миён омадаанд. Воқеъан об, зиндагии маънавию фарҳангии инсоният ва тавлиди маданият бо ҳам иртиботи ногустурданӣ доранд. Бинобар ин, ҳангоме ки дар бораи мавқеи об дар зиндагии рӯзмарраи инсоният, ривоҷи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиҳатии ҷисмонии он ва идомаи рӯзгори солими вай, умуман дар бораи покиза нигоҳ доштан, сарфу саришта  намудани об, эҳтиёт кардан ва эҳтиёт шудани об аз оқибати ногувори камбуду даҳшат сухан ба миён оварем, бояд дар баробари дарки илмиву хоҷагии мақоми ин неъмати бебаҳо, пеш аз ҳама, муносибати маънавию ахлоқиамонро дар мавриди қазияи мазкур аниқ карда бошем. Зеро, амалӣ шудани бисёре аз ин масъалаҳо ба инсоният, ба самимият ва хоҳиши воқеии одам вобаста мебошад.
Бахусус, дар рӯзгори мо, ки дастовардҳои фанниву илмӣ, сатҳи инкишофи моддии инсоният ба маротиб боло рафта, хатаре ба вуҷуд овардааст, ки низоми азалии табиат дар сайёраи Замин вайрон шавад ва хафи аз байн рафтани ҳаёт ба миён ояд, тамоми инсонҳои кураи арзро зиёда зарур аст, ки дар созмон додани тамаддуни башарӣ ва мавқеи маънавият кор бигиранду дастовардҳои илмиро бошад, бо заминаҳои устувори фарҳангӣ созгор диҳанд. Ба қавли фарҳангшинос ва муаррихи машҳури англис А. Тойнби, ҳоло инсониятро на хатари моддӣ-техникӣ, балки хафи равонбунёдӣ бештар таҳдид мекунад. Чун ки масъулияти ахлоқӣ имрӯз нисбат ба он чӣ аз ҷониби одамон аз ин пеш рӯх дода буд, садҳо маротиба афзудааст. Ба назари ин ҷониб, ин огоҳӣ хеле ба маврид аст ва ба масоили ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, ба сарфу саришта ва ҳифзу истифодаи «оби зулол»  низ бевосита алоқаманд мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз се-чор ҳазор сол муқаддам тамаддуни фарҳангҳои ҷаҳонии ҳиндуориёӣ, Хуросони бузург (Мовароуннаҳр, Афғонистон ва Эрон ), Чину Бобул (Байнаннаҳрайн), Мисри бостон, Юнони антиқаю Рими қадим ва дигар манотиқи олам ҳама дар ҷавори дарёҳои бузург, соҳили баҳру уқёнусҳо ба вуҷуд омадаанд ва инкишоф ёфтаанд.
Дар таърихи фарҳанги мухталифи халқҳои ҷаҳон об ба сифати нахустҷанба, мабдаи аввалияи ҳамаи мавҷудот, муодили ҳолати ғайримуташаккили ибтидоии олам ва умуман нерӯи бунёддиҳандаи коинот шинохта шудааст. Яке аз далелҳои асосии нахустмабда будани об, ба қавли уламо, ҳамон мавзӯи ба аксари асотири ақвоми хурофотпарасти мухталиф умумӣ–аз қаъри уқёнус берун овардани Замин мебошад. Зиёда аз он, об дар асотир шароиту муҳит, омилу сабаб ва тамоми ашёи он тараққӣ мешавад. Дар устураи фарҳангии мардуми форсизабон бошад,  симои Аредвисураи Аноҳита ё Ноҳид ҳамчун занбонуи об таҷассум ёфтааст, ки ин нишонаи тоза ва озода нигоҳ доштани об мебошад. Ба ҳамин монанд, дар асотири Ҳинди бостон Ҳиранянгарбҳа тимсоли тухми тиллоӣ аст, ки дар обҳои фалакӣ шино дорад ва коинотро оғоз бахшидааст. Ба қавли таърихшиноси номвар С. Аверинтсев, гӯё ин суханон дар китоби «Ҳастӣ» омаданд: «Ва рӯҳи Худо ба рӯи об дар парвоз буд»–вобаста ба офаринши олам аст, ки дар он ҷунбиши «рӯҳи худовандӣ» барои тамос бо об ифода гардидааст.
Дар фарҳангии аҷдодии мо–«фарҳанги ҷамшедӣ» ва китоби муқаддаси ниёконамон–«Авесто» мақоми об дар зиндагии инсон ва сифатҳои эзадбонуи ориёӣ хеле равшан баён гардидааст. Ҳамин тавр, дигар қавму халқҳо дар такя ба фарҳанги миллии ориёӣ ба устураҳои худ ҳамин гуна рамзу сифатҳоро ҳамроҳ намуданд. Аз ҷумла, Исида-дар асотири мисриён эзиди ҳосилхезӣ, обу бод, тимсоли латофат, бовафоии хонаводагӣ ва худои баҳрнавардист. Астхики арманиҳо низ эзиди муҳаббати замин ва обҳо буда, гӯё аз Анахит (Аноҳита)-и форсӣ бромадааст.  Ҳамин аст, ки дар «Авесто» об ва зиндагии фарҳангӣ ва рушди тамаддуни инсонӣ бо ҳам пайвастагии ногусастанӣ доранд.
Дар фарҳанги исломӣ ва китоби муқаддаси он «Қуръон» низ об дар сайри офариниш мартабаи муҳим дорад, балки об аз ҷониби Худованд пештар аз ҳамаи дигар ансори олам офарида шудааст. Дар китоби муқаддаси исломиҳо об дар шаклу намудҳои мухталиф намудор шудааст: об, оби борон, абри боронсоз, чашма, рӯду рӯдхона, дарё ва ғайра. Дар сураи «Ҳуд»-и ин китоб таъкид шудааст, ки: «Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва арши Ӯ бар рӯи об буд». Баъд аз китоби «Қуръон» дар кутуби таъриху тафсир ва ривоёти исломӣ, аз ҷумла дар «Таърихи Табарӣ» ном асари Балъамӣ дар ин мавзӯъ чунин омадааст: «Пас Худои азза ва ҷала… олам ҳама яксар аз об офарид. Баъд аз он ки осмон аз об офарида шуд, оби зери осмон аз ҳафт ҷой биҷӯшид ва каф баровард… ва аз он кафи дарё заминро офарид. Ва аз ин ба баъд кори замин ҳамеша пайваста ба об аст…».   
Мақоми об дар осори мазҳабии дигар халқҳо, аз ҷумла дар китобҳои муқаддаси «Таврот», «Забур» ва «Инҷил» сазовор ба гуфтугӯи алоҳида мебошад. Масалан, дар «Таврот» мақоми об дар офаринши олам мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Аз рӯи мазмуни «Таврот» чунин ба назар мерасад, ки Худо пеш аз ҳама обро офарида будааст ва ҳангоме, ки Эзид дар ибтидои хилқат Замину Осмонро офарид рӯҳаш дар рӯи об парвоз мекард. Дар «Забур»-и Довуд бошад, омадааст, ки он касе, ки «Таврот»-и Худоро мехонад ва риояи шариати Ӯро мекунад, мисли дарахтест дар лаби оби равон, ки ҳамеша сабзу борвар ва меваҳояш лазизу кораш бобарор аст. Дар китоби муқаддаси насрониёну исавиҳо об ба сифати бозкунандаи қудрату эъҷози паямбарон, хиради онҳо ва баёнгари муҳаббати Парвардигор нисбат ба эшон низ таъкид шудааст.  
Илова бар ин, дар асотири ҷаҳон аз об ба сифати қувваи даҳшатангез, вайронкор ва воситаи ҷазо низ бисёр ёд шудааст. Аммо, лозим ба таъкид аст, ки ин ҳама хасоиси манфӣ ва табиати об хос набуда, барангезандаи он қувваҳои дигари бадният мебошанд. Холигӣ дар об ва деви нуҳуфта дар он нишонаи хаф, истиора ба марг будааст. Водяной дар устураи мардуми славянӣ қувваи ғайримуташаккил ва хавфовари об дар сурати иблис аст. Йамму дар асотири сомӣ ва Лун-Ван дар устураи чинӣ баёнгари нерӯи бадӣ дар обҳо мебошанд. Дар асотири ориёӣ бошад, Анаоша қувваи аз миёнбарандаи обҳо буда, хушксолиро ба вуҷуд меорад ва Бадвой сабаби хавф ва марги одамон дар об мегардад.     
Дар силсилаи бахшҳое, ки фарҳанги маънавии инсониятро ташкил медиҳад, ҳам аз ҳайси густурдагӣ ва ҳам аз ҳайси таьрихи зуҳур дар қадами аввал асотир (миф) қарор мегирад. Аммо масъалаи об дар осори устураӣ то ба ин қарибиҳо мушаххасан диққати пажӯҳишгаронро ба худ накашида буд. Касони алоҳида, масалан, донишманди эронӣ Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳақӣ ба ин мавзӯъ дар китоби худ «Фарҳанги асотир ва ишорати достонӣ дар адабиёти форсӣ» як андоза муфассал диққат ҷалб намудааст.
Агар ба таърихи адабиёти тоҷик назар афканем, он гоҳ мебинем, ки ба мавзӯи об ҳанӯз поягузори назми тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таваҷҷӯҳ гумоштааст. Баъд аз устод Рӯдакӣ  мавзӯи обро шуарое чун Фирдавсӣ,  Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдӣ, Соиб, Ҳофиз, Камол, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Бедил, Сайидо ва дигарон мавриди назар қарор доданд. Аммо бар асари зуҳури адабиёти маорифпарварӣ, ки тасвиру гузориши масоили иҷтимоӣ ва сиёсии замонаро мақсади худ қарор дода буд, об ба сифати як омили муҳими иқтисодии мамлакат, сиҳатии омма бештар аҳамият пайдо кард. Ин амалро Аҳмади Дониш оғоз бахшид ва убдабои ҷадид С. Аҷзӣ, Т. Асирӣ, М. Сироҷ бо тасвири мавзӯъҳои мушаххас зарурати аз об истифодаи самаранок кардан, бо оби тоза таъмин будан, бо об шодоб намудани дашту даманро ба миён гузоштанд. Дар осори замони шӯравӣ бошад, масоил ва мавзӯҳои об боз ҳам идома ёфта, мушаххас гардиданд. Акнун об, истифодаи он бо Рушду нумӯи Тоҷикистон иртиботи бевосита гирифт, обу чашма, рӯду анҳор аз ҳайси этникиву марзӣ мушаххас шуд, бо маъниҳои Ватан ва кишвар омехта гардид. Шуарои ин замон дар ашъори худ ҳамеша кушодани каналҳо, омадани об ба даштҳои бекорхобида, сохмонҳои нерӯгоҳҳо, афзудани маҳсулот, бунёди боғотро маҳду сано мекарданд. Дар солҳои охир мавзӯи обу дарёҳо чун нишонаи Ватан, воситаи баёни андешаҳои ахлоқиву маънавӣ ва гоҳо фалсафӣ ба кор мегирифтагӣ шуданд. 
Ба таври куллӣ дар илму фалсафа об яке аз аносири ҷаҳоргона (арбаъа) мебошад, ки тибқи ақоиди бостонӣ ва асримиёнагӣ тамоми мавҷудоти олам ва ҳатто ин ҷаҳони моддӣ худ аз чор унсур – обу хоку оташу бод ба вуҷуд омадааст. Илму фалсафаи асримиёнагии тоҷику форс низ аз баъзе ҷиҳатҳо ба тасаввури асотирӣ ва мазҳабӣ, бахусус, ҷанбаи илмии он иртибот дорад. Зиёда аз он, онҳо ба таври куллӣ бисёр хасосиси об ва моҳияти онро дар офариниши олам то рӯзгори одии инсонӣ фаро гирифтаанд.    
Ҳамин тариқ, мавзӯи об ҳамеша бо масъалаи Ватан ва зикри манотиқи фарҳангӣ ва географии мухталиф алоқамад мебошад. Бӯи ҷӯйи Мулиён, канори оби Рукнобод, рӯди Сайҳуну Ҷайҳун, Сурхобу Варзоб, Зарафшону Панҷ, Вахшу Ғунд ҳама чун ҷузъи муҳиму зебо ва сабаби ободии Тоҷикиистони азизи мо тасвир меёбанд. Оби дарёҳои Ҳинду Ганн, Даҷлаву Нил, Дону Волга, Темзаю Рейн, Днепру Дунай, Амуру Хуанхэ, Амазонкаю Миссисипи ва ғайра, пеш аз ҳама, нишонаи барҷастаи ин кишварҳо ва ифодаи оғозгоҳи марказҳои фарҳангии ҷаҳонӣ мебошанд.  
Номвар ҚУРБОНОВ,
аспиранти факултети физикаи 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Садо