Об қимматтар аз лаълу гуҳар

 

tc0boubw379494Манбаи ҳаёти инсон об аст. Инсон дар рӯйи замин сарчашмаи ободиву озодагӣ ва пешравию комёбиҳост. Тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд. Имрӯз масъалаи истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад. Захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастҷамъонаву муносибати ҷиддиро дар истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”, - омадааст дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки санаи 22-юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардида буд.

           Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маззаи оби соф нишонаи зиндагӣ аст. Дар ҳақиқат об манбаъ ва сарчашмаи ҳаёти на фақат инсон, балки тамоми мавҷудот мебошад. Таъмини инсоният бо оби нӯшокӣ торафт ба мушкилоти рақами як табдил меёбад. Бар замми ин, гармшавии сайёра, бемориҳои сироятӣ ва дигар офатҳои табиӣ мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаро боз ҳам афзун мегардонанд. Тавсияву пешниҳодоти Сарвари давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ ва ҳифзи сарватҳои боарзиши табиат, ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намудаанд, ки ёдрасиашон боиси ифтихор аст:

- пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) – эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза;

- пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард;

- пешниҳод оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез;

- ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо(Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август - 4 сентябри 2009 дар ш. Женева).

- эълон намудани соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010). 20-21 августи 2013 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид;

- даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

           Об асоси ҳамаи пешравиҳо ва ҳаёти хушу хуррамонаи инсоният аст. Ҳаётро тароват ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Об, ки сарчашмаи зиндагӣ, манбаи асосии зебоии табиат, тозагӣ, рӯшноӣ ва гавҳари гаронбаҳо аст, пас, мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун сарчашмаи ҳастӣ ҳифз намуда, тозаву озода нигоҳ дорем.

Об бошад гавҳари кимматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

 

Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М. –шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо