Дар Намоишгоҳи байналмилалии “EXPO -2019 BEIJING”миёни 110 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид

 

 CHoizai-tillo


Тибқи иттилои АМИТ “Ховар дар Намоишгоҳи байналмилалии “EXPO -2019 BEIJING”, ки таҳти шиори “Боғдорӣ барои рушди деҳот” аз санаи 29 апрел то 7 октябр, ки  дар шаҳри Пекини баргузор шуда буд, Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид

Тибқи қарори Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ, дар асоси хулосаи комиссияи байналмилалӣ дар номинатсияи “Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ” тибқи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқат ба мавзӯъ, муаррифӣ ва ташкили кори ғурфаҳо ва тарҳи меъморӣ, Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Дар намоишгоҳи “EXPO -2019 BEIJING” ба гӯшаи Тоҷикистон дар рӯзҳои корӣ то 25 ҳазор нафар ва дар рӯзҳои истироҳатӣ то 45 ҳазор шаҳрвандони Чин ва хориҷӣ медиданд.

Беш аз 110 давлати ҷаҳон дар ин намоишгоҳ, созмонҳои байналмилалӣ ва 120 музофот, шаҳр ва ташкилотҳо аз Чин иштирок карданд.

Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур мутобиқ ба мавзӯъ дастовардҳои соҳаи боғдорӣ, назири меваҳои тару тозаи экологӣ, меваҳои хушк, афшураи меваҳо, асал, обҳои ташнагишикани “Сиёма” ва дигар маҳсулоти ширкат ва корхонаҳоро муаррифӣ карданд.

Намояндангони Тоҷикистон дар намоишгоҳи худ аз имкониятҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ намуданд.






Садо