ДАР КУШОДАНИ МАСҶИД ҲАМ ФИТНА МЕАНДОЗАНД

 

ДАР КУШОДАНИ МАСҶИД ҲАМ ФИТНА МЕАНДОЗАНД.

Ба мақолаи «Бузургтарин масҷиди ОМ дар рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон боз мешавад» дар сомонаи («паём.нет») 

         Дастгоҳи таблиғотии ақидаҳои ифротии наҳзатиён «Паём.нет» боз аз бемавзӯӣ, дар арафаи рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани масҷиди бузургтарин дар Осиёи марказиро, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, ба манфиати ғаразноки худ истифода бурд ва ин сохтмони бузургро ба мавзӯи иғвои навбатиаш табдил дод. Муаллифони мақола дар аввал пардапӯшона дар мавриди сохтмони ин масҷид ҳарф зада, дар охир ба иғвоҳои доимии худ пардохтанд. Чанд сол қабл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масҷидҳои шахсии ин ё он соҳибкоре чунон зиёд шуд, ки ҳар як соҳибкори маъруф масҷиде сохта, мардуми маҳали истиқоматашро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, ҳар яке дар масҷиди сохтаи худ бо пайравони худ намоз мехонданд. Дар байни ин соҳибкорон онҳое ҳам буданд, ки бо дастгирии гурӯҳҳои ифротӣ капитали аввалияи худро ба даст оварда, дар риштаи соҳибкорӣ муваффақ шуда буданд. Чун капитали аввалияи фаъолияти соҳибкориашон аз ҳисоби гурӯҳҳои ифротӣ ба даст омада буд, онҳо хоҳ нохоҳ дар ин масҷидҳои сохтаи худ бо хайру эҳсони мақсаднок ва ҳадафмандона, ба қалби мардуми камбизоати ин маҳала роҳ ёфта, онҳоро ба сафи гурӯҳҳои ифротии худ, мисли Салафия ҷалб мекарданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ғамхори сокинонаш новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ буд, ҳаст ва мемонад. Барои ибодати сокинони кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, дар кишвар танҳо он масҷидҳое, ки онҳо бидуни иҷозат ва ба таври махфӣ амал мекарданду фаъолияти таблиғотии гурӯҳҳои ифротиро ба роҳ монда буданд, ошкор ва баста шуданд. Зеро дар масҷидҳои номбурда аъзоёни гурӯҳҳои ифротии Салафия тарғиботи густурдаро ба роҳ монда, ақидаи мардуми зиёдро олуда ва ифротӣ сохтанд. Ин моликияти Салафиён ба манфиати давлат мусодира шуда, ба манфиати миллат хизмат карда истодааст, яке кӯдакистон шудаву дигаре ҷои ҷамъиятӣ барои гузаронидани маъракаҳои давфну азодорӣ. Магар ин амал, яъне пешгирии ифротиён ва таъмини амнияту субот ба манфиати давлат ва ҷомеа нест?

Агар ин масҷидҳои сохтаи Салафиён ба манфиати гурӯҳе истифода мешуд, наҳзатиён садои табли иғворо баланд мезаданд, аммо чун баҳонае надоранд маҷбуранд ба ин мавзуъ низ чанг зананд. Аммо чун мусалмонони кишвари азизамон озодона ибодат мекунанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои ифротии наҳзатиён нахоҳанд шуд. Зеро наҳзатиён аз ноумедӣ хору залил хоҳанд шуд!

Ба ба сурогаи сомонаи Andesha.tj аз номи фаъоли чамъияти Ибодов Дилшод фиристода шуд.

Садо