ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲОИ ГУРҶӢ

 

masal

1. Гуреза ҳам худо мегӯяду таъқибкунанда ҳам..
2. Серҷоғ аз муомила бо гунг хаста шуд.
3. Дарди ангуштро дил ҳис мекунад, аммо дарди дилро ҳеҷ
кас.
4. Дарахти калон шамоли сахтро дӯст медорад.
5. Гургро гургона қабул куну рӯбоҳро рӯбоҳона.
6. Душмане, ки аз пеш истодааст, беҳтар аст аз дӯсте, ки аз
ақиб истодааст.
7. Агар зан интихоб кунӣ, ба гӯшҳои худат эътимод кун, на ба
чашмон.
8. Ҳар ҷое, ки гӯш намекунанд, он ҷо ҳақиқат гум мешавад.
9. Ҷое, ки муҳаббат нест, хурсандӣ нест.
10. Сухани ширин дарвозаи оҳанинро мекушояд.
11. Бисёр дудила шавӣ, тарс ҳуҷум мекунад.
12. Дӯстӣ ва душманӣ – хоҳарони якдигар.
13. Агар ба ҳамаи чоҳҳо туф кунем, пас аз куҷо об мегирем?
14. Агар чизи нолозимро харӣ, ба зудӣ ягон чизи даркориро
мефурӯшӣ.
15. Агар тақдир афтидан аст, беҳтар аст аз болои асп афтӣ, на
аз болои хар.
16. Агар дар қаиқ нишастӣ, бо қаиқрон баҳс накун.
17. Оҳан дар оташ обутоб меёбад, одам дар мӯҳтоҷӣ.
18. Офтоби ғурубкунанда ба моҳтоби тулӯъкунанда каҷ-каҷ
менигарад.
19. Он касе, ки танҳо барои худаш нек аст, низ одами бад ҳисоб
мешавад.
20. Шукӯҳи якумрӣ ҳам ба дили одам мезанад.
21. Попи сер аз гурги гурусна ҳам бадтар аст.
22. Шахси пешрав пулест барои одамони аз қафо оянда.
23. Бо доштани риши дароз буз худро поп пиндоштааст.
24. Санг дар ҷояш вазнин аст, ҷумбондӣ – сабук мешавад.
25. Вақте ки гуруснагӣ меояд, шарм меравад.

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо