“Созиши муҳим ва сарнавиштсоз” дар масоили Сурия

 

er54 vs


Президенти Русия Владимир Путин, санаи 22 октябри бо Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дидору гуфтугӯ карданд. Шаш соат мулоқоти ду роҳбар кишвар идома ёфт. Мавзуи мулоқоти Президенти Русия Владимир Путин  бо Президенти Туркия  Раҷаб Тайиб Эрдуғон амалиёти Туркия дар шимоли Сурия буд.

Дар шаҳри Сочӣ роҳбарони ин ду кишвар ба созишнома бастанд, ки  марзи муштараки Сурия ва Туркияро Анқара ва Москав бо ҳам назорат мекунанд.           

Матни  ин созишномаро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров қироат кард, низомиёни турк минтақаи 30-километриеро назорат хоҳанд кард, ки дар натиҷаи амалиёти ахири худ ишғол намудаанд.Тибқи созиши мазкур ба минтақаи 30-километрии боқӣ нируҳои рус ворид мешаванду, гуруҳҳои мусаллаҳи курд бояд он минтақаро тарк кунанд. Сипас назорати муштараки марз аз сӯи низомиёни рус ва турк сурат мегирад.

Владимир Путин ин созишро “хеле муҳим ва сарнавиштсоз” донист ва зикр намуд, ки тарафҳо зимни мулоқот тавонистанд, равиши муштараки ба эътидол овардани вазъ дар шимоли Сурияро интихоб кунанд. Ёдовар мешавем, ки ахиран Туркия дар хоки Сурия аз оғози амалиёт зидди ҷангҷӯёни курд ва террористон эълон карда буд. Амалиёти Туркия пас аз он шурӯъ шуд, ки Доналд Трамп, Президенти Амрико аз хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз шимол-шарқи Сурия эълон кард.

Пас аз эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ амалиёти низомии Туркия оғоз шуд ва Туркия онро “ҷанг бо терроризм” унвон кард. Туркия хостори таъсиси як “минтақаи амн”-и то 30-километрии дохили қаламрави Сурия аст. Аммо амалиёти Туркия боиси интиқоди аксарияти кишварҳои ҷаҳон шудааст




Садо

Навор

Ҳама наворҳо