Душанбе: Вохӯрии намояндаи палатаи лордҳои Британияи Кабир бо намояндагони Тоҷикистон

greate briation

Тибқи иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, маориф, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд, масъалаи мазкурро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва намояндаи палатаи лордҳои Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Муҳаммед Илтаф Шейх муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, танзими форумҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Лондон ва таъсиси намояндагии донишгоҳҳои британиягӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом доданд.
«Зикр гардид, ки сафари меҳмонони британиягӣ ба Тоҷикистон моҳияти мусбат дошта, барои муаррифии бештари кишварҳо дар Парлумон ва ҷалби имкониятҳои Ҳукумати Британияи Кабир дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакати мо мусоидат менамояд»,- афзуд манбаъ.

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо