СУТ ва рӯзномаи бритониёӣ Тоҷикистонро кишвари озод аз “Коронавирус” эълон намуданд

 

90076-680x365 c
Дар матлабе, ки рӯзномаи бритониёии “Daily Mail” вобаста ба бемории сироятии “Коронвирус” ё худ “COVID-19” нашр кардааст Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое ворид гардидааст, ки дар он “Коронавирус” хушбахтона то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст. Дар рӯйхати мазкур инчунин 14 кишвар ба монанди Туркманистон, Комор, Кирибати, Лесото, Ҷазираҳои Маршалл, Штатҳои Федеративии Микронезия, Науру, Палау, Ҷазираҳои Соломон, Тонго, Тувалу, Вануату ва Кореяи Шимолӣ ва 11 қаламрави аҳолинишин - Питкэрн, Еленаи Муқаддас, Вознесения ва Тристан да Куния (Шоҳигарии Бритониё), Самоа дар Амрико (ИМА), Ҷазираҳои Уоллис ва Футуна (Фаронса), Шпитсберген  (Норвегия), Ҷазираҳои Крисмас, Норфолк ва Ҷазираҳои Кокос (Австралия), Ниуэ, Токелау ва Ҷазираҳои Кук (Зеландияи Нав) шомил шудаанд.

Коршиносону гузоришгарон яке аз сабабҳои асосии ба кишварҳо роҳ наёфтани коронавирусро дар чораҳои қатъии саривақтии андешидашуда арзёбӣ кардаанд.  

Инчунин, муаллифони гузориш бо ҳайрат гуфтаанд чӣ гуна Тоҷикистон, кишвари ҳамсарҳад, бо Чин, ки маркази паҳншавии коронавирус аст, тавониста истодааст то ҳол  бар вуруди коронавирус истодагарӣ намояд. Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Галина Перфилева ахиран эълон кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.Номбурда сабаби асосии инро дар чораҳои фаврии андешидашуда аз ҷониби мақомот ва риояи дастуроти Созмони ҷаҳонии беҳдошт арзёбӣ намуд.

"Андеша"

Садо

Навор

Ҳама наворҳо