Шаклҳои гуногуни коронавирус вобаста ба паҳншавии он аз ҷониби олимон кашф шудаанд

 

 

 

koronavirussТибқи иттилои Pravda.ru олимон кашф кардаанд, ки коронавирус се шакли ивазшавӣ дорад, ки ҳангоми паҳншавӣ дар тамоми ҷаҳон рух додаанд. Ҳамчунин онро ба шаклҳои “А” “В” “С” тақсим намудаанд. Дар минтақаҳои гуногуни дунё шаклҳои номбаршудаи беморӣ алоҳида паҳн гаштаанд, аз ҷумла дар Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ва Австралия навъи аввали “А” , ки дар шаҳри Ухани Чин пайдо гардида буд паҳн гардидааст.

Дар як қатор давлатҳои Аврупо бошад навъи “С” ба мушоҳида мерасад, аммо дар баъзе давлатҳои дигар ба монанди Швейтсария, Нидерландия, Германия, Белгия навъи “В” вуҷуд дорад.

Айниҳол шумораи умумии гирифторон ба ин маризӣ ба 1.8 миллион нафар мерасад, ки беш аз 423 ҳазор нафари он шифо ёфта, шумораи фавтидагон бошад ба 114 ҳазору 216 нафар расидааст.

Аз байни давлатҳои ИДМ ин беморӣ танҳо дар Туркманистон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо