ҲАҶҶИ УМРА. АРАБИСТОНИ САУДӢ РӮЙХАТИ КИШВАРҲОРО ЭЪЛОН КАРД

 

imagesSputnik. Арабистони Саудӣ рӯйхати мамлакатҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо қатъи назар аз паҳншавии коронавирус метавонанд барои иҷрои маносики ҳаҷҷи умра ба ин кишвар сафар кунанд, эълом кардааст.

Дар он Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва Беларус сабт шудаанд. Арабистони Саудӣ пазироии шаҳрвандони хориҷӣ аз 108 кишварро, ки мехоҳанд ҳаҷҷи умраро иҷро намоянд, аз аввали ноябр оғоз мекунад.
Боиси тазаккур аст, ки Арабистони Саудӣ пас аз сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба хотири пешгирии паҳншавии он, муваққатан вуруди афродро барои адои ҳаҷҷи умра ва зиёрати масҷиди Паёмбар манъ карда буд.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо