Шумораи сироятёфтагони коронавирус давоми рӯзи охир аллакай аз як миллион нафар гузаштааст

 virus

Вирусе, ки аввалин маротиба охирҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин аз хурӯҷи худ дарак дода буд, то имрӯз дар 204 мамлакати дунё паҳн гардидааст. Тавре ки Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинсони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маълумот медиҳад, шумораи сироятёфтагон ба 1 милиону 7 ҳазор нафар расида, 51.5 ҳазор нафари онҳо қурбони ин беморӣ гардидаанд.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон ИМА бо нишондоди 236 ҳазор нафар дар ҷои аввал буда, аз мамлакатҳои аврупоӣ Италия бо 110 ҳазору 574 ҳолат дар ҷои дуюм ва Испания бо 104 ҳазору 118 шумори беморон дар ҷои сеюм қарор гирифтааст. Аммо шумораи фавти беморон аз ин навъи вирус дар Италия нисбатан баланд ба қайд гирифта шуда, он 13 ҳазору 155 нафарро ташкил медиҳад.

Дар навбати дигар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, то ҳол 900 ҳазор нафар мубталои ин беморӣ гардида, аз он 46 ҳазор фавтидааст. 11 марти соли 2020 бошад Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хурӯҷи COVID - 19-ро пандемия эълон намуд.

Ҷумҳурии мардумии Чин бошад аллакай шумораи сиҳатёфтагони худро аз коронавирус боло бардошта истодааст. То ин дам табибон дар мубориза бо ин навъи беморӣ тавонистаанд, ки 210.5 ҳазор нафарро дар саросари дунё табобат намоянд.

Садо

Навор

Ҳама наворҳо