Султони Уммон Қобус бин Саид ал-Саид вафот кард

 

Hajsam-ben-Tarek-Al-Said

Тибқи иттилои Агентии давлатии иттилоотии Уммон рӯзи 10 январ Султон Қобус бин Саид ал-Саид дар синни 79-солагӣ вафот кард. Султон Кабус бин Саид Ал-Саид моҳи августи соли 1970 пас аз падари худ ба қудрат омада, 50 сол ҳукмронӣ намуд. Қобус дар кишвараш ислоҳоти васеъ ҷорӣ карда, сарқонунро қабул кардааст. Вай инчунин Имоми Уммон ва салтанати Маскатро муттаҳид кард ва бо дастгирии Бритониёи Кабир ва Шоҳигарии Эрон шоҳӣ ҳаракати исёнгаронро дар Дофар саркӯб сохт.

Мотами серӯза эълон гардида, парчамҳои давлатӣ 40 рӯз поин карда мешаванд. Чанд сол пеш табибон гирифтори бемории саратон шудани султонро тасдиқ карда буданд ва сол то сол вазъи саломатии ӯ бад мешуд. Дар яке аз дармонгоҳҳои Белгия соли гузашта ӯ табобат гирифта буд.

Баръакси роҳбарони шоҳигариҳои дигари арабӣ, Қобус ба таври оммавӣ вориси худро эълон накардааст. Акнун ин корро бояд оилаи ҳукмрон анҷом диҳад. Шӯрои олии низомии Уммон шӯрои оилавии ҳукмронро даъват кард, ки барои интихоби ҳокими нав ҷамъ оянд. Имрӯз рӯзномаи «Alwatan» дар бораи султони нав интихоб шудани вазири фарҳанг ва мероси миллии Уммон Ҳайсам бин Ториқ ал-Саид хабар дод.









Садо

Навор

Ҳама наворҳо