Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё /Раванди Истанбул»

ravandi-stambul 1

 

 

        Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ» санаи 9 декабр дар Истанбул доир гашт. Дар конфронси мазкур кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» ширкат варзиданд.

 

            Дар Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок карданд. Зимни ҷаласаи вазирон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, мавқеи созандаи давлати моро дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвари ҳамсоя таъкид намуд. Аз кишварҳои иштирокчӣ, мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати мусоидати бештар дар равандҳои мусбати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват намуд.

            Дар натиҷаи баррасиҳо Эъломияи Истанбулро конфронс қабул намуд. Бар асоси он раисии муштараки Қалби Осиё/Раванди Истанбул дар соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиёни конфронс ҳамовозӣ пайдо намуд.

 

 

Садо

Навор

Ҳама наворҳо